Покистон донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро аз “рӯйхати сиёҳ” баровард

Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи сафари кориаш ба Покистон донишгоҳҳои тиббии кишварашро аз “рйӯхати сиёҳ”-и Покистон баровард.

Аз маркази матбуотии вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфтанд, Бейшеналиев бо президенти Комисияи тиббии Покистон Аршад Такӣ мулоқот ва масъалаи донишгоҳҳои тиббии кишварашро ҳал кардааст.

Ҳамакнун шаҳрвандони Покистон, ки донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро хатм мекунанд, ба имтиҳонсупорӣ дар Комисияи тиббии Покистон роҳ дода мешаванд.

Дар ин сафар Бейшеналиев бо раиси Комисияи олии маорифи Покистон Тарик Банурӣ мулоқот ва барои таъсиси Бунёди илмии Покистону Қирғизистон тавофуқ кардаанд.

Пештар аз ин Покистон ҳамаи донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро шомили “рйӯхати сиёҳ” карда буд. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки 90 дарсади донишҷӯҳои покистонии донишгоҳҳои Қирғизистон натавонистанд, дар кишвари худ имтиҳони ҳатмии Комисияи тиббиро супоранд. Ба ин тартиб, дипломҳои онҳо дар Покистон эътироф нагардид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.