Полиси байналмилалӣ аз як амалиёти азими боздошти ҷинояткорон гузориш дод

Полиси байналмилалӣ дар як амалиёте, ки онро хабаргузориҳо “боҳуштарин амалиёт дар ҷаҳон” сифат додаанд, шабакаи азими гурӯҳҳои ҷиноиро ошкору боздошт кардааст.  Рӯзи 8-уми июн  мақомот гуфтанд, дар доираи ин амалиёт дар 18 кишвари ҷаҳон садҳо узви гурӯҳҳои террористӣ, созмонҳои мафиёӣ, ҷинояткорони савори мотосилкл боздошт шуданд. Амалиёти азим натиҷаи кори сесолаи сохторҳои ҳифзи қонуни даҳҳо кишвар, аз ҷумла, ИМА, Аврупо, Австралия ва Зеландияи Нав мебошад. Аввал шуда натиҷаҳои амалиётро Австралия ва Зеланияи Нав гузориш доданд ва гуфтанд, ки ба шабакаҳои ҷинояткорони муташаккил зарбаҳои сахте задаанд. Қарор аст тафсилоти натиҷаҳои ин амалиёт давоми рӯз аз ҷониби мақомоти аврупоиву амрикоӣ нашр шаванд. Танҳо дар Австралия  224 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Полис дар Зеландияи Наву Австралия гуфт, ки як замимае бо номи ANOM сохта, ҷинояткоронро тавассути он таъқиб кардааст, дар ҳоле, ки худи онҳо фикр мекарданд, ки бо шабакаи амн муошират мекунанд.

Полис муайян кардааст, ки давоми 18 моҳ шабакаҳои азими ҷиноӣ аз Амрикои Лотин то Осиё зери назари сохторҳои полис бо қочоқи маводи мухаддир, пулшӯӣ, куштор ва дигар ҷиноятҳо машғул буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.