Полиси Гурҷистон ба дафтарҳои мухолифон ҳамла карданд

Дар як амалиёти хушунатомез бо истифода аз гази ашковар рӯзи 23 феврал полиси Гурҷистон ба дафтарҳои ҳизби оппозитсионии Ника Мелиа ҳамла карда ӯро ба ҳабс гирифт. Ин ҳабс чанд рӯз баъди он рух дод, ки нахуствазир Гиорги Гахария сари ихтилофи ба додгоҳ кашидани як сиёсатмадори маъруф аз мақомаш истеъфо дод. Мелиа, ки раҳбарии Иттиҳоди ҷумбиши миллиро ба ӯҳда дорад, барои таҳрики хушунат дар ҷараёни эътирозҳои хиёбонии моҳи июни соли 2019 гунаҳгор мешавад, вале худи ӯ ин иттиҳомро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад. Ҳафтаи гузашта додгоҳе дар Тифлис амр дод, ки Мелиа гӯё барои напардохтани гаравпулӣ ба ҳабс гирифта мешавад.   

Вазорати умури дохилӣ он замон гуфт, ки дар паи истеъфои нахуствазир боздошти Мелиаро ба таъхир мегузорад. Дар наворҳои телевизион, ки зинда пахш мешуданд, дида шуд, ки Мелиа аз дохили дафтари ҳизб берун кашида шуда, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд.

Садҳо ходими полис ба сӯи аъзову тарафдорони Иттиҳоди ҷумбиши миллӣ, ки аз 17 феврал ба ин сӯ дар дохили бинои ҳизб маскан гирифтанд, бо гази ашковар посух доданд. Даҳҳо тарафдорони мухолифон боздошт шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.