Полиси Хабаровск даҳҳо эътирозгарро боздошт кард

Полис дар Хабаровск даҳҳо эътирозгари аз мақом гирифтани  раҳбари вилоятро боздошт намуд. Баъди дар моҳи июл боздошт шудани собиқ раиси Хабаровск Сергей Фургал, ки гӯё дар куштори даҳ сол пеш даст доштааст, минтақаи воқеъ дар Шарқи Дури Русия ва ҳаммарз бо Чин шоҳиди эътирозҳои зиёд шудааст. Фургалро боздошт ва ба Маскав интиқол доданд, вале ӯ иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки ин парванда аз ҷониби Кремлин сохтакорӣ шудааст. Рӯзи 10-уми октябр  ҳазорҳо нафар аз маркази шаҳри Хабаровск раҳпаймоӣ карданд ва замоне, ки эътирозгарон мехостанд дар маркази шаҳр хайма гузоранд, тахминан 30 нафар боздошт шуд. Шоми он рӯз чандсад эътирозгар ҳушдори мақомотро дар бораи ғайриқонунӣ будани гирдиҳамоиҳо нодида гирифта, бори дигар дар майдони марказӣ ҷамъ омаданд

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.