Полиси тоҷик ронандаеро боздошт кард, ки боиси ҷароҳати ду нафар шуд

Вазорати  корҳои  дохилии Тоҷикистон як сокини 29-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро дастгир кардааст. Азизбек  Ҷӯрабеков ба он муттаҳам мешавад, ки бо мошини “Лексус”-аш ду ҷавонро пахш намуда, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст. Ҳодиса 8-уми феврал дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ба амал омадааст. Вазорат мегӯяд, Ҷӯрабеков  шабонгаҳ дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда,  ду нафар аз сокинони ин ноҳия – Музаффар Гулзода ва Бохтовар Маҳсуддизодаро, ки дар канори роҳ қарор доштанд, пахш кардааст. Ҷабрдидаҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд, вале, ба қавли ВКД, ронанда  ба онҳо кӯмак накарда аз ҷои ҳодиса фирор намуд. Таҳқиқи қазия идома дорад. Назари  ронандаи муттаҳам ба ин ҳодиса дар даст нест.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.