Полша панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кард

Аз кишвари аврупоии Полша ахиран панҷ шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иртибот бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” истирдод шуданд. Radio Poland навиштааст, ки ин нафарон дар ҷалби шаҳрвандони Полшаву Украина ба амалҳои террористӣ дар қаламрави Полша гумонбар мешуданд. Исми ин шаҳрвандон нашр намешавад.

Вале гуфта мешавад, ки чор шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи маи соли ҷорӣ боздошт карданд. Нафари панҷумро дар чаҳорчӯби як амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дастгир карданд. Ин нафар моҳи декабри соли 2019 аз хоки Полша фирор карда буд. Оҷонсии амнияти дохилии Полша гуфт, ки ин шахс мехост ба Сурия барои ширкат дар ҷиҳод ва барпо кардани робитаҳои хуб бо аъзои созмони террористии марбут ба “Ал-Қоида” сафар кунад. Панҷ шаҳрванди истирдодшудаи Тоҷикистон  аз Полша баъди ин ҳақ надоранд, ки ба кишварҳои ҳавзаи Шенген ворид шаванд.

Ин хабар дар ҳолест, ки моҳи апрели соли 2020 полис дар Олмон гуфт, ки чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ боздошт кард. Тафтишот гуфт, ки нафарони боздоштшуда январи соли 2019 ба узвияти “Давлати исломӣ” шомил шуданд. Дар хабар гуфта шуд, ки онҳо бо раҳбарони созмони террористӣ дар Сурия ва дигар кишварҳо дар тамос буданд. Тафтиши қазияи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз анҷом нашудааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.