Помпео Арманистону Озарбойҷонро ба хатми низоъ даъват кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 29-уми сентябр аз Арманистону Озарбойҷон, ки ҳамоно дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ даргир ҳастанд, тақозо кард, ки низоъҳоро хотима бидиҳанд. Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аксар сокинонаш арманитабор мебошанду аз ҷониби Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар дохили қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст. Соли 1990 ин минтақа истиқлолияти худро эълон кард, вале ҳеҷ кишваре инро ба расмият нашинохт. Помпео, ки бо як сафари корӣ дар ҷазираи Крит  қарор дорад, мавзӯи Қаробоғи Кӯҳиро бо вазири хориҷаи Юнон Никос Дендиас ҳам баррасӣ кард. Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт:

“Вазири хориҷа ва ман ба мавзӯи Қаробоғи Кӯҳӣ муроҷиат кардем. Ҳарду ҷониб бояд хушунатро хотима дода бо Гурӯҳи Минск ҳамкорӣ бикунанд, то ки ҳарчи зудтар сари мизи гуфтугӯ баргарданд”.

Гурӯҳи Минск дар оғози солҳои 1990-ум бо талоши САҲА ташкил шуд ва ҳадафаш ҳам ҳалли низои Қаробоғи Кӯҳӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ Фаронса, Русия ва ИМА ҳамраисӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.