Помпео дар Шӯрои амният ба тамдиди таҳримҳои Эрон даъват кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 30 июн аз Шӯрои амнияти СММ тақозо кард, ки таҳрими силоҳҳои Эрон тамдид шавад, чун, ба гуфтааш, дар сурати ғайр вазъ дар Ховари Миёна баъди анҷоми мӯҳлати таҳримҳо дар моҳи октябр бесубот шуда метавонад. Помпео гуфт, “инро на фақат ҳамчун аз ман ё ИМА қабул кунед. Ба гапи кишварҳои минтақа –  Исроил, Халиҷ, кишварҳои  Ховари Миёна, ки бештар аз ҳама мавриди таҳдиди Эрон қарор гирифтаанд, гӯш диҳед, ки бо як овоз мегӯянд: таҳрими силоҳҳоро густариш диҳед”. ИМА аз Шӯрои амният расман хост, ки аз моҳи октябр таҳримҳо тамдид шаванд, дар ҳоле, ки таҳримҳои ҳоло амалкунанда бар асоси қатъномаи  Шӯрои амният дар бораи созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон  қарор аст шурӯъ аз оғози моҳи октябр тадриҷан сабук шаванд. ИМА моҳи маи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ берун шуд ва Теҳронро таҳрим кард. Дар посух Эрон ба нақзи тадриҷии ӯҳдадориҳои ҳастаии худ шурӯъ кард. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Шӯрои амният гуфт, ки бекор кардани маҳдудиятҳои силоҳ “бахши ҷудоинопазири” созишномаи ҳастаӣ аст. Русияву Чин, ки ҳақи ветогузорӣ доранд, гуфтанд, ки бо талаби ИМА розӣ нестанд ва ҳақи Вашингтонро барои бозгардони таҳримҳо зери суол бурданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.