Помпео Пашинян ва Алиевро ба қатъи ҷанг даъват кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Никол Пашинян ва Илҳом Алиев даъват кард, ки ҷангро қатъ ва гирди мизи музокира нишинанд.

Маркази матбуотии Департаменти давлатии ИМА хабар дод, ки Помпео нимаи дувуми рӯзи сешанбе бо роҳбарони Озарбойҷону Арманистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Мақомоти Қарабоғи Куҳӣ гуфтанд, шаҳри Лочин тирборон шудааст. Роҳи асосии пайвандкунандаи Арманистон бо Қарабоғ аз ҳамин шаҳр мегузарад. Дар сурате ки агар низомиҳои озарӣ ин роҳро банданд, барои неруҳои арманӣ “мушкили азим” пеш меояд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Шаҳри Лочин тирборон ва бештари манзилҳои он тахриб шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.