Помпео: зоҳиран амри заҳролудшавии Навлнийро мақомоти баландпояи Русия содир кардаанд

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний бо амри мақомоти баландпояи Маскав заҳролуд шудааст. Помпео рӯзи 9-уми сентябр дар як мусоҳибаи радиоиаш гуфт, мардум дар саросари ҷаҳон “ингуна фаъолиятҳоро мебинанд ва ин чӣ маъно дорад?”. Ӯ гуфт, вақте мардум мебинад, ки як дигарандеш заҳролуд шудааст, онҳо дарк мекунанд, ки “ба эҳтимоли ғолиб ин чиз аз мақомоти баландпояи Русия амр шудааст ва ин барои мардуми Русия хуб нест”. Аъзои тими Навалний, хешовандонаш ва дигарон бовар доранд, ки мақомоти Русия дар пушти ҳодисаи заҳролуд шудани ӯ истодаанд. Кремлин ин иттиҳомотро қотеона рад кардааст. Навалний рӯзи 20-уми август ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони тиб дар Олмон гуфтанд, ки раҳбари 44-солаи мухолифон бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст ва баъди ин ҷомеаи байналмилалӣ аз Русия хост, ки  як тафтишоти мунсифона барпо кунад. Русия гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ боз намешавад, чун ҳеҷ далели заҳролуд шудани Навалний вуҷуд надорад.  Русия ба фиристодаи Берлин ҳам дар заминаи “иттиҳомоти бепояву таҳдидҳо” эътироз баён кард.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.