Порлумони Қазоқистон муҳлати иҷораи “Байконур” аз сӯи Русияро то соли 2050 дароз кард

Порлумони Қазоқистон муҳлати ба иҷора додани пойгоҳи “Байконур”-ро барои Русия то соли 2050 тамдид кард. Дар ин бора 10 июн дар Сенати порлумони Қазоқистон раъйгирӣ сурат гирифт.

Маҷмааи “Байконур” аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонӣ ва шаҳри Байконур иборат буда, онро Русия аз соли 1994 аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст. Иҷорапулии ҳамасолаи он, ки тибқи қарордод мӯҳлати он то соли 2050 муайян шуд, 115 миллион доллар мебошад.​

Дар ҳоли ҳозир, “Баконур”-и Қазоқистон ягона пойгоҳе аст, ки Русия метавонад аз он мушакбари “Союз-2”-ро партоб кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.