Порлумони Қазоқистон санади бекорсозии ҳукми қатлро ба тасвиб расонд

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон Санади иловагии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонд, ки ба бекорсозии ҳукми қатл равона шудааст.

Вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ гуфт, Нурсултон санадеро ба имзо расонд, ки вазифадор мекунад, то аз ҳукми қатл истифода бурда нашавад. Вале ҳамзамон дар санад ҳаққи истифодаи он дар давраи ҷангӣ дода шудааст.

“Қазоқистон ҳақ дорад, дар давраи ҷангӣ ба онҳое ҳукми қатл бидиҳад, ки дар анҷоми ҷиноятҳои вазнини дорои хусусияти ҳарбӣ айбдор дониста мешаванд”, – изҳор дошт вазири умури хориҷии Қазоқистон.

Нурсултон ба ин санад моҳи сентябри соли равон ҳамроҳ шуд. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон он замон гуфт, ки барои иҷрои санад дар ин кишвар бояд ба Конститутсия ва қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шавад.

Соли 2003 Қазоқистон ба ҳукми қатл моратория эълом карда буд. Моратория маънии муваққатан боз доштани иҷрои ҳукми қатлро дорад ва дар қонунгузории Қазоқистон то кунун моддаҳое мавҷуд буданд, ки барои терроризм ва ҷиноятҳои ҷангӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо ба бекорсозии ҳукми қатл даъват карда буданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон моҳи декабри соли 2019 ба вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастури шуруи пайвастан ба санади бекорсозии ҳукми қатлро дода буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.