Порлумони Қирғизистон барканории вазири тандурустиро баррасӣ мекунад

Кумитаи умури иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг ва тандурустии порлумони Қирғизистони пешниҳоди аз вазифа сабукдуш кардани вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиевро ба баррасӣ мегузорад.

Чунин тасмим дар порлумони Қирғизистон рӯзи 26-уми апрел гирифта шуд. Вакилон аз он нигаронӣ карданд, ки Бейшеналиев бори севум ҳангоми баррасии масоили бахши тандурустӣ ба порлумон ҳозир нашуд.

Қарор аст, имрӯз, 27-уми апрел масъалаи сабукдуш кардани Бейшеналиев аз вазифаи ишғол кардааш баррасӣ шавад.

Кумитаи умумри иҷтимоии порлумони Қирғизистон ҳафтаи пеш низ пешниҳод карда буд, ки Олимқодир Бейшеналиев баъди изҳороташ дар бораи табобати вабои коронавирус бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли он кишвар аз вазифа сабукдуш шавад.

Бейшаналиев дар як нишасти хабарӣ рӯзи 16-уми апрел гуфта буд, ки пизишкон дар саросари Қирғизистон табобати гирифторони коронавирусро бо решаи гиёҳ шуруъ кардаанд. Вазир гуфт, ин тарзи табобатро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кардааст.

Чанде аз коршиносон ва пизишкон гуфтанд, решаи гиёҳи мавриди назари вазир заҳрнок буда, истифодаи он дар бахши тиббӣ манъ аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.