Порлумони Қирғизистон вазъи фавқулодаро дар Бишкек бекор кард

Вакилони порлумони Қирғизистон 16 октябр дар ҷаласаи ғайринавбатии худ дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” бо судури қароре вазъи фақулодаеро бекор карданд, ки пештар дар шаҳри Бишкек, пойтахти он кишвар эълом шуда буд.

Фармони эъломи вазъи изтирорӣ дар Бишкекро президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков имзо карда буд.

Дар қарори Ҷеенбеков омада буд, ки дар робита ба идома кардани вазъи ноустувор ва хатар ба ҳаёту саломатии одамон, ки баъди бетартибиҳои оммавӣ ба миён омад, дар Бишкек аз соати 20:00 рӯзи 12 октябр то соати 07:00 рӯзи 19 октябр ҳолати фавқулода эълом карда мешавад.

Ҷеенбеков 15 октябр аз мақоми президентии Қирғизистон истеъфо дод. Раиси порлумони Қирғизистон Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент, ки бар асоси қонун ӯ бояд бар уҳда мегирифт, худдорӣ варзид. Ҳамин тариқ салоҳиятҳои президенти Қирғизистон муваққатан ба сарвазири тозатаъйин Содир Жапаров дода шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.