Порлумони Украина қонуни нави изҳори нобоварӣ ба президентро қабул кард

Порлумони Украина лоиҳаи қонуни изҳори нобоварӣ ба президентро қабул кард. Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур 245 вакил раъй доданд, ки 244 нафарашон намояндаи ҷиноҳи “Ходими мардум” ҳастанд.

Бар асоси қонуни нав, порлумони Украина президентро танҳо дар сурати хиёнат ба давлат ё даст задан ба ҷинояткорӣ метавонад аз мақом барканор кунад.

Лоиҳаи мазкур бо пешниҳоди раиси порлумони Украина Дмитрий Разумков қабул шуда, эътирози бархе аз вакилони мухолифро ба бор овард.

Дар Конститутсияи Украина барои изҳори нобоварӣ ба президент асосҳои қонунӣ дарҷ шудаанд, вале раванди он дар қонуни ҳамакнун пешини ин кишвар хеле душвор пешбинӣ гашта буд.

Порлумони Украина дорои 6 ҷиноҳ ва гуруҳи вакилон аст. Бештари курсиҳои онро намояндагони ҳизби ҳокими “Ходими мардум” дар ихтиёр доранд, ки 254 нафарро ташкил медиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.