Президент боздошт шуд

Сарбозони Гвинея –  кишвари воқеъ дар Африқои Ғарбӣ президент Алфа Кондеро рӯзи 5-уми сентябр боздошт ва эълон карданд, ки ҳукумат дар натиҷаи кудатои эҳтимолӣ пароканда шуд. Полковники артиш Мамади Думбуя тавассути телевизион эълон кард, ки сарҳадҳои кишвар баста буда, сарқонуни ин кишвар дигар амал намекунад. Думбуя, ки дар иҳотаи ҳашт сарбоз ҳозир шуда буд, гуфт: “Мо конститутсияро аз нав менависем”. Кондеи 83-сола беш аз 10 сол дар сари қудрат буд. Вақте ӯ хост, ки конситутсияро иваз ва маҳдудияти ду бор президент шудан ба як нафарро бекор кунад, бо интиқод рӯбарӯ шуд ва  маҳбубияташро аз даст дод. Пеш аз боздошт шудани Конде, дар назди қасри президенти Гвинея дар пойтахт, шаҳри Конакри садои тирандозӣ ба гӯш мерасид.

Таҳаввулоти ахири Гвинеяро созмони кишварҳои Африқои Ғарбӣ ва дабири кулли СММ Антонио Гутерреш маҳкум карданд. Департаменти давлатӣ аз ҳама гуна амали ғайриконститутсионӣ, ки “сулҳу субот ва шукуфоии кишварро осеб расонад”,  ҳушдор дод.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.