Президент Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти Шавкат Ниёзӣ изҳори андӯҳ кард

Адабиётшиноси маъруфи тоҷики муқими Маскав Шавкат Ниёзӣ дирӯз дар синни 92-солагӣ дар ин шаҳр даргузашт.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иттилои наздикони Шавкат Ниёзӣ, ӯ дар беморхонаи ба номи Склифосовскии Маскав бар асари сактаи мағзӣ (инсулт) даргузаштааст. Сатторов дар сӯҳбат бо Радоии Озодӣ рӯзи 15-уми март гуфт, дар тамос бо наздиконаш “таслияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаашон расонидем”. Ӯ гуфт, дар сӯҳбат бо як бародарзодаи Ш.Ниёзӣ, дипломтаҳои тоҷик гуфтаанд, ки омодаанд мутобиқи хоҳиши аҳли оила дар бурдани ҷасади адабиётшиноси маъруф ба Тоҷикистон барои хоксупорӣ мусоидат кунанд. Бархе аз наздикони Ниёзӣ гуфтаанд, ки эҳтимоли дар Маскав дар назди қабри ҳамсараш дафн шудани Ниёзӣ ҳам вуҷуд дорад ва ҳоло хонавода масъаларо баррасӣ мекунад.

Шавкат Ниёзӣ бародари хурдии нависандаи маъруфи тоҷик Шавкат Ниёзӣ аст, ки дар Самарқанд зода шуда, даҳсолаҳои зиёд муқими Маскав буд. Адабиётшиносони тоҷик Муртазо Зайниддинов ва Зафари Гулмурод соли 2018 дар нашрияи “Омӯзгор” навиштанд, Ш.Ниёзӣ хатмкардаи Дорнишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе буд ва таҳқиқоти адабии ӯ ба масъалаҳои таърихи адабиёти классикӣ ва даврони шӯравии тоҷик ва ҳамзамон адабиёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ихтисос дошт. Муаллифон аз хотираҳои адабиётшиноси дигари маъруф Расул Ҳодизода ёдовар шудаанд, ки гуфтааст, Шавкат Ниёзӣ соли 1957 баъди хатми аспирантураи Маскав бо дархости Мирзо Турсунзода дар дастгоҳи Иттифоқи нависандагони СССР ба иҷрои вазифаи мушовири адабиёти советии тоҷик ба кор пазируфта шуд. «Дар ин вазифа бисёр манфиатҳо барои кори умум ҳосил” шудааст, мегӯянд муаллифон.

Нақши Ш.Ниёзӣ дар муаррифии адабиёти классикӣ ва замони нави тоҷикӣ дар арсаи Иттиҳоди Шӯравӣ хеле муҳим будааст. “Бо ибтикори онҳо дар Маскав, Ленинград ва дигар шаҳрҳо чорабиниҳои бошукӯҳи адабӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, бо ташкил ва созмон додани санаҳои таърихии ба адибони тоҷик иртиботдошта, адабу фарҳанги тоҷикӣ таблиғ шуд, тарҷумаи осори шоирону нависандагони мо бо забони русӣ ва забонҳои дигар вусъати тоза пайдо кард ва дар нашрияҳои бонуфузи даврони шӯравӣ – «Дружба народов», «Вопросы литературы», «Иностранная литература», «Роман-газета», «Литературная газета», «Комсомольская правда» назму насри эҷодкорон ва мақолаҳои илмии олимони тоҷик ба табъ расида, дар рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» масъалаҳои умдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ иртиботдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин самт хидматҳои ба манфиати адабиёт, фарҳанг ва илми тоҷик анҷомдодаи Шавкат Ниёзиро метавон идомаи роҳ ва мақсадҳои наҷиби аллома Бобоҷон Ғафуров арзёбӣ намуд».

Шавкат Ниёзӣ бар иловаи ин, ба сифати дотсенти Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский кор мекард. Яке аз саҳмҳои муҳими Ш.Ниёзӣ ба таҳқиқи мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар назми эпикии тоҷик буд. Монографияи «Назми эпикии советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1968)-ро адабиётшиносони тоҷик “аз асарҳои муҳими илмӣ»-и меноманд, ки баъдан дар эҷоди асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии сермиллат» дар ҳамкорӣ бо донишмандони дигари тоҷик Х.Отахонова ва Л.Демидчик заминагузор шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.