Президент қонуни ҷазо барои “бениқобӣ” ва хабари “носаҳеҳ”-ро имзо кард

Сарфи назар аз даъвати созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи хабарнигорон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл ризоят дод, ки барои нашри “ахбори носаҳеҳ” дар бораи коронавируси нав сокинону хабарнигорон ва расонаҳоро ҷарима банданд.

Бино ба тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд ва раиси ҷумҳур аз он пуштибонӣ кард, барои пахши “ахбори ғалат” дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Манзур аз “ахбори ғалат” чист ва онро чӣ гуна муайян мекунанд, ҳанӯз маълум нест.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур хоста буд, ки аз қабули тағйироти баҳсбарангез худдорӣ кунад, чун ба бовари онҳо, “баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад”. Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон низ таъини ҷаримаро барои нашри “ахбори дурӯғ” дар бораи коронавируси нав танқид карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рузи 4-уми июл гуфт, ҳанӯз тағйирот ба қонун ба иҷро надаромадааст, вале гуруҳҳои зери ҳимояти мақомот маъракаи “бадномкунӣ”-ро ба зидди созмонҳои журналистӣ ба роҳ мондаанд.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, “маълум буд, ки қонун иҷроӣ мешавад, чун заминасозиҳои расонаиву сохторӣ барои он идома дошт.”

Вай ҳамзамон суол пеш овард, ки “оё мақомоти масъули давлат, хусусан Вазорати тандурустӣ ҳам барои ироаи ахбори ғалат ё дақиқтараш барои дар ихтиёри ҷомеа ва васоити ахбори умум қарор надодани иттилои саривақтию саҳеҳу дуруст марбут ба коронавирус муҷозот мешаванд, ё не?”

Дар ҳоле ки сокинон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамвора ба дурустии омори мақомот дар бораи беморон ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон шак доранд.

Ба назари таҳлилгарон ва ҳомиёни ҳуқуқ чунин дигаргунӣ аз як сӯ бастани даҳони хабарнигорон дар ҷараёни инъикоси вазъи COVID-19 дар кишвар аст ва аз тарафи дигар заминаро барои пахши хабарҳои якҷониба аз тарафи мақомот фароҳам меорад.

Ҷарима барои бениқобӣ, зиндон барои сирояти беморӣ

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе ҳамчунин ризоят дод, ки сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ ҷарима кунанд ва барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ҷазо диҳанд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, тағйироти нав “ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардидааст”. Дар хабари расмӣ гуфта шудааст, шахсонеро, ки “қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд”, ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав карантин ҷорӣ накардааст.

Бино ба тағйироте, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид кард ва баъдан онро Маҷлиси Миллӣ пазируфту раиси ҷумҳур имзо гузошт, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабсро дар пай дорад.

Тоҷикистон замоне пӯшидани ниқобро ҳатмӣ мекунад, ки аз замони эътирофи сирояти вирус дар кишвар беш аз ду моҳ гузаштааст. То 3-юми июл 6108 нафар ба коронавируси нав гирифтор шуда, 4762 нафар шифо ёфтаанд ва 52 кас ҷон бохтаанд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, баъди ин гуна паҳн шудани бемориву маргу мир ҳадаф аз қонуни нав пешгирии вирус аст, ё пулситонӣ? Бархе аз он ҳимоят мекунанд ва тахмин мезананд, ки тирамоҳ вазъ бадтар хоҳад гашт.

Тоҷикистон дар охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. То он вақт марги пайиҳами чанде аз сокинон ва афзоиши беморонро дар шифохонаҳо ба “илтиҳоби шуш” рабт медод. Дар ин муддат кишвар карантин ҷорӣ накард, аммо хонандагону донишҷӯёнро барвақт ба таътил фиристод ва бозору толорҳои ороиширо то 15-уми июн баст. Ҳоло ин маҳдудиятҳо пурра бардошта шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.