Президенти Қазоқистон хост, филмҳои таърихӣ бештар таҳия шавад

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар матлаби ахири худ дар як нашрияи маҳаллӣ ниҳод ва телевизионҳои давлатиро вазифадор кард, ки як қисми фармоишҳои давлатиро ба бозтоби мавзуъҳои таърихӣ равона созанд.

“Албатта, масъалаи молӣ бояд ҳал шавад. Аммо бидуни ҷудо кардани пули зиёд ҳам мешавад филми босифат ба навор гирифт. Дар Қирғизистон нишон доданд, ки бе харҷи маблағи калон ҳам метавон филми сатҳи олиро таҳия кард. Сухан аз филми “Курманҷон датка” меравад”, – изҳор дошт Тоқаев.

Ба гуфтаи ӯ, таърихи Қазоқистон лаҳзаҳои зиёдеро дорад, ки мешавад дар бораи онҳо филм офарид ва онҳо арзиши истиқлолро инъикос хоҳанд кард. “Барои он ки арзиши истиқлол дар хотири насли наврас бимонад, бояд онҳо донанд, ки мо онро чи гуна ба даст овардем”, – афзудааст ӯ.

Президенти Қазоқистон гуфтааст, “озодӣ ба осонӣ ба даст наомадааст”: “Гузаштагон барои он мубориза бурдаанд ва ба хотири он мусибатҳои зиёдеро аз сар гузарондаанд. Ин ҳама бояд дар хотираи мардум ҳифз ва аз як насл ба наслҳои баъдӣ интиқол дода шавад”.

Филми “Курманҷон датка” нахустин филми бадеиву таърихиест, ки бо фармоиши ҳукумати Қирғизистон ва харҷи 70 млн сом (наздики $1,5 млн) наворбардорӣ шудааст. Ин филмро дар шаҳри Алматои Қазоқистон намоиш доданд. Ҳунарманди қазоқ Максуд Канапиянов баъди намоиши филм гуфт, дар таҳияи он 20 баробар камтар аз буҷаи филми қазоқии “Кочевники” харҷ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.