Президенти Қирғизистон гуфт, вазъ таҳти назорати ӯ аст. ВИДЕО

Бар хилофи иддаоҳои бархе намояндагони мухолифон, ки  мегӯянд президенти Қирғизистон қудратро аз даст додааст, рӯзи  6-уми октябр худи Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ӯ вазъиятро дар кишвар таҳти назорат дорад. Бо нашри изҳороте Ҷеенбеков  аз мухолифони норозиаш аз натиҷаҳои интихобот тақозо кард, ки беназмиҳои ҷамъиятиро хотима бидиҳанд. Мухолифон, ки интихоботро тақаллубшуда меноманду хостори баргузории интихоботи нав ҳастанд, шаби 5 ба 6-уми октябр ба бинои парлумони президент ворид шуданд. Дар давоми беназмиҳои шаби гузашта як нафар куштаву 590 нафар маҷрӯҳ шуданд.   Толгонай Стамалиева, сухангӯи президенти Қирғизистон  бо пахши изҳороте гуфт, ки Ҷеенбеков “барои барқарор кардани тартибу интизом дар кишвар тамоми талошашро ба харҷ медиҳад”.  Ҷеенбеков тавассути изҳороти ҷудогонае изҳори омодагӣ кард, ки дар сурати зарурат Комиссиюни интихоботҳо натиҷаҳои овоздиҳиро бекор ва интихоботи нав барпо мешавад. Президент мухолифону тарафдоронашонро ба хатми беназмиҳо даъват кад. Маълум нест, ки Ҷеенбеков ҳоло дар куҷо аст, вале сухангӯяш Толгонай Стамалиева  қаблан ба АКИпресс гуфт, ки президент дар Бишкек аст. Сухангӯи вазири дохилӣ гуфт, ки рӯзи 6-уми октябр вазир Қашқар Ҷунушалиев дар ҷои кораш пайдо нашуд ва иҷрои муваққатии вазифаи вазири умури дохилиро собиқ муовини вазири дохилӣ Курсан Асанов ба дӯш гирифтааст, ки соли 2019 аз мақомаш барканор шуда буд.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.