Президенти Қирғизистон мардумро ба ваксиназанӣ даъват кард

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сокинони кишварашро бо Иди Қурбон, ки 20 июл таҷлил шуд, табрик кард.

Дар матни табрикоти президент Содир Ҷабборов, ки хадамоти матбуотии ӯ нашр кард, гуфта шудааст, “Дар таърихи Қирғизистони мустақил бори дувум аст, ки Иди Қурбон ба иллати пандемияи коронавирус бо маҳдудият таҷлил карда мешавад”.

“Бо истифода аз ин фурсат, аз ҳамаи шаҳрвандони Қирғизистон даъват мекунам, ки ба хотири ҳифзи саломатии худу атрофиёнашон зидди коронавирус эм шаванд. Ҷомеаи қавӣ барои ҳама гуна мушкилот, санҷиш ва тағйирот бояд омода бошад”, афзудааст Ҷабборов.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.