Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 07.09.2019./ АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер ба муносибати 28-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд. Дар ин барқия Франк-Валтер Штайнмайер Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Ӯ дар матни табрикотии худ гуфтааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти худро ирсол менамоям.

Олмон аввалин  кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуд

Аз он вақт инҷониб муносибатҳои байни Тоҷикистону Олмон мунтазам инкишоф ёфта истодаанд. Олмон минбаъд низ барои кишвари Шумо дар ҷодаи таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд.

Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.