Президенти Эрон таҳримҳои ИМА-ро “ваҳшигарӣ” хонд

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 26-уми сентябр дар як сӯҳбати телевизионӣ ба эрониён гуфт, ки барои таҳримот гиребони Вашингтонро бояд гирифт.

Рӯҳонӣ таҳримҳое, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби ИМА ҷорӣ шуд, “ваҳшигарӣ” хонд. Ӯ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида “бо таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонии худ ва амалҳои террористӣ” миллиардҳо доллар хисорот ворид кардааст.

Ӯ гуфт: “Мардум агар барои мушкил мехоҳанд лаън ва нафрин бикунанд, лаъну нафрин бояд ба адреси Вашингтон карда шавад. Адреси тамоми ҷиноёт алайҳи миллати Эрон Вашингтон, Кохи Сафед аст.”

Ӯ гуфт, ки амрикоиҳо бо таҳримҳои, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ 150 миллиард доллар ба Эрон зарба задаанд.

Таҳримҳои нав зидди Эрон рӯзи 21 сентябр эълом шуд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки он ба ашхос ва созмонҳои марбут ба фаъолиятҳои атомии Эрон ё барномаҳои силоҳи мушакӣ ва маъмулии он дахл дорад.

Ин тасмим пас аз он гирифта мешавад, ки ИМА аз созиши ҳастаӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон канор рафт.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.