Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо Светлана Тихановская мулоқот кард

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баъди мулоқот бо раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская дар Литва ваъда дод, ки Аврупо дар бӯҳрони сиёсии Беларус миёнҷигӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки “мо, аврупоиҳо, беҳтарин талошамонро барои миёнҷигӣ ба харҷ медиҳем”. Тихановская баъди ин дидор ба хабарнигорон гуфт, ки президенти Фаронса “ба мо ваъда дод, ки барои барпо кардани музокирот дар ин давраи бӯҳрони сиёсии кишварамон кӯмакашро дареғ намедорад ва ӯ инчунин барои озод кардани ҳама зиндониҳои сиёсӣ   мусоидат хоҳал кард”. Манобеъ гуфтанд, ки музокироти ду ҷониб 35 дақиқа идома дошт.  Тихановская қаблан гуфт, ки худи ӯ дархости баргузории мулоқот ва миёнҷигии Макрон дар бӯҳрони сиёсии Беларусро кардааст. Ӯ дар мусоҳиба бо AFP гуфт, ки Беларус ҳоло ба барпо кардани муколамаи миёни ҳукумат ва мухолифон бисёр ниёз дорад, то ки пеши роҳи “хунрезии бештар” гирифта шавад. Макрон рӯзи 28-уми сентябр зимни суханронӣ дар Вилнюс пойфишорӣ кард, ки Аврупо бояд бо Русия дар амри бунёди сулҳ дар Аврупо ҳамкорӣ кунад. Ӯ инчунин аз САҲА хост, ки дар масъалаи Беларус миёнҷигӣ барпо кунад ва гуфт, ки Париж “тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки ин миёнҷигӣ шурӯъ шавад”. Ӯ афзуд, ки президенти Русия Владимир Путин аз ин ташаббус пуштибонӣ кардааст. Тихановская, ки дар интихоботи президентии Беларус иштирок карду мағлубшуда эълон шуд, баъди он ба Литва рафт ва фаъолияти худро ба унвони раҳбари мухолифон аз он ҷо идома медиҳад. Тихановская гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки Лукашенкоро баранда эълон кардааст, эътироф намекунад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.