Президенти ИМА Доналд Трамп ба Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 07.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп ба унвони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи  табрикотӣ иросол намуд.  

Дар ин нома Доналд Трамп Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон табрик кардааст.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп дар  номааш чунин навиштаас:

«Муҳтарам Президент Раҳмон. Мояи хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Америка мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлол табрик намоям.

Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ  соҳибистиқлолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.

Иёлоти Муттаҳида пуштибонии худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳад дод».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.