Президенти ИМА хост, Навалний фавран озод шавад

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо кормандони Департаменти давлатии ин кишвар гуфт, мухолифи рус Алексей Навалний бояд аз зиндон озод карда шавад.

Байден аз суҳбати телефонии ахири худ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ёдовар шуд. Ба гуфтаи Байден, замоне, ки ИМА дар баробари фаъолиятҳои Русия таслим мешуд, ба поён расидааст. Ӯ дахолат ба интихоботи президентӣ ва ҳамлаҳои ҳакерии Русияро намуна овард.

Байден ба иштирокдорони вохӯрӣ таъкид кард, ки Москва ҳанӯз ҳам дар фикри зарба задан ба демократияи Амрико аст. “Агар мо дар ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонони худ амал кунем, муқобилиятҳоямон дар баробари Русия корсоз хоҳад буд”, – илова кард Байден.

Президенти тозаинтихоби ИМА ҳамчунин қайд кард, ки мехоҳад ҳамкориҳои зичи Вашингтон бо ҷомеаи байналмилалиро эҳё кунад.

Пештар низ як гуруҳ аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ва демократи Конгресси ИМА бо пешниҳоди лоиҳаи қонуне хостанд, “Русия барои амалҳои бадхоҳонааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад”. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, зидди мансабдорони русе таҳрим ҷорӣ шавад, ки дар заҳролудсозии Навалний ва рӯйпуш кардани ин сӯиқасд даст доранд.

Худи Русия даст доштанаш дар ин қазияро рад мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.