Президенти ИМА Путин ва раҳбари Чинро ба як нишасти онлайнӣ даъват кардааст

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми март изҳор дошт, ки ӯ президенти Чин ва Русияро даъват кардааст, ки дар ҳамоиш оид ба тағирёбии иқлим ширкат варзанд.

Дар назар аст, ки ин ҳамоиш дар моҳи апрел таҳти раёсати Иёлоти Муттаҳида баргузор шавад.

Ба навиштаи Reuters, “Ҷо Байден гуфтааст, шахсан дар ин бора бо Си Ҷинпину Путин суҳбат накардааст, вале ҳарду медонанд, ки ба ин нишаст даъват шудаанд”.

Саммит ба хотири эҳтиёт аз КОВИД-19  дар шакли онлайнӣ сурат мегирад ва сарони 40 кишвар дар он ширкат хоҳанд кард.

Мавзуи аслии ин ҳамоиши онлайнӣ масъалаи мубориза бо тағирёбии иқлим мебошад. Бозгашт ба Созишномаи Париж оид ба тағирёбии иқлим яке аз барномаи қабл аз президентии Ҷо Байден ба шумор мерафт, ки Трамп Иёлоти Мутаҳидаро аз ин Созишнома хориҷ карда буд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.