Президенти пешини Қирғизистон ва сиёсатмадорони дигари зиндонӣ озод шуданд

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баъди ғасби бинои Кумитаи амнияти миллии ин кишвар аз сӯи эътирозгарон озод карда шуд.

Отамбоев 23 июни соли равон дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев 11 солу 2 моҳ зиндонӣ ва аз мукофотҳои давлатии “Данакер”, “Манас” дараҷаи II ва медали “Данк” маҳрум карда шуда буд.

Эътирозгарон ҳамчунин сарвазири пешини зиндонии Қирғизистон Сафар Исҳоқов ва собиқ вакили порлумони Қирғизистон Содир Жапаровро, ки соли 2018 ба муҳлати 11 сол зиндонӣ шуда буд, озод карданд.

Вакили дифои Исҳоқов – Замир Жоошев гуфт, сарвазири пешин бо талаби эътирозгарон озод карда шудааст.

“Вале бар асоси қонун, бояд рӯзҳои наздик додгоҳ парвандаҳои Исҳоқов ва Отамбоевро бозбинӣ ва онҳоро сафед кунад. Ҳама чиз бояд дар доираи қонун сурат бигирад”, – афзуд ҳуқуқшинос.

Писари вакили пешини дигари порлумони Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков — Азат дар Твиттер хабар дод, ки падари ӯ низ озод шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.