Президенти пешини Қирғизистонро дубора иҷборан ба додгоҳ бурданд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 4 апрел бояд парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар он кишварро баррасӣ мекард.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ҳам ба додгоҳ эҳзор карданд. Вакили дифои ӯ Замир Жоошев гуфт, ки шахси зери ҳимояашро иҷборан ба толори додгоҳ овардаанд. Президенти пешини Қирғизистон ба суоли рӯзноманигорон посух дод.

Дертар Отамбоев изҳор дошт, ки вазъи саломатияш бад шудааст ва барои ӯ “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карданд. Баррасии парванда ба рӯзи 5 апрел гузошта шудааст.

Отамбоевро 23 марти соли равон низ иҷборан ба додгоҳ бурда буданд. Додгоҳ он рӯз парвандаи ҳаводиси Кой-Тошро баррасӣ мекард.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран аз додрас ва додситонҳо дар саҳифаи фейсбукияш дархост кард, ки мурофиаҳои Алмосбек Отамбоев боз ва бо ҳузури рӯзноманигорон баргузор шаванд.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани маҳбус Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.