Президенти РАО/РО боздошти хабарнигорон дар Беларусро маҳкум кард

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ кофтукоби манзили зисти рӯзноманигорон ва боздошти ду хабарнигори ин радиоро дар Беларус шадидан маҳкум кард.

Рӯзи 16-уми июл идора ва манзили чанд журналист, аз ҷумла хабарнигорони бахши беларусии Радиои Озодиро тафтиш карданд. Мақомоти ин кишвар Олег Ҳруздилович, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Инна Студзинская, хабарнигори собиқи ин расонаро боздошт карданд.

Боздошти рӯзноманигорон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз солгарди интихоботи пуратақаллуб дар 9-уми август дар Белрус, ки эътирози сартосарии сокинонро бар зидди Александр Лукашенко ба вуҷуд овард, як сол сипарӣ мешавад.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши беларсусии ин расона солҳо боз манбаи хабари дуруст ба мардуми ин кишвар аст, вале ҳукумати худкома талош дорад, роҳи озодии суханро бандад.

Ӯ даъват кард, ки рӯзноманигорон фавран раҳо шаванд ва амволи мусодирашудаашон баргардонида шавад. Президенти РАО/РО гуфт, ки бо тарс додан имкони хомӯш кардани хабарнигорон номумкин аст.

Шоҳидон нақл карданд, ки  маъмурони амниятии Беларус вориди дафтари Радиои Озодӣ дар Минск шуданд ва ду хабарнигорро боздошт карданд.

Ҳамсари Ҳруздилович ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳарашро дар даст бо завлона бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, телефон ва ноутбуки ӯро мусодира карданд.

Кофтукоб ва боздошти рӯзноманигорон дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти Беларус алайҳи фаъолон амалиётеро оғоз кардааст.

Дар ин амалиёт даҳҳо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ боздошт шуданд.

Садҳо ҳазор сокинони Беларус дар як соли ахир борҳо бо нишони эътироз ба тақаллуб дар интихобот раҳпаймоӣ карданд. 9-уми августи соли гузашта мақомот Александр Лукашенкоро пирӯзи интихобот эълон карданд. Сокинон Свтелана Тихановская, рақиби ӯро пирӯз медонанд.

Мақомоти Беларус дар давоми як сол бераҳмона эътирозҳоро саркуб кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.