Президенти Россия Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо солгарди Рӯзи Истиқлолият табрик намуд

ДУШАНБЕ, 07.09.2019./ АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.

Кишвари Шумо дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам зада, дар умури минтақвӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро қайд менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмӯҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин СММ ва САҲА самараи хуб медиҳанд.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Россия ва Тоҷикистонро дар минбаъда низ таҳким хоҳем бахшид.   Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.