Президенти Шӯрои Аврупо: ҷангиёни хориҷӣ бояд хоки Либияро тарк кунанд

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар пайравӣ аз Шӯрои амнияти СММ аз ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ хост, ки хоки Либияро тарк кунанд. Мишел дар нишасти хабарии шаҳри Триполи рӯзи 4-уми апрел гуфт, ки як “пешшарти” бозгашти субот ба Либия ин тарки кишвар кардани ҳама нирӯҳои хориҷӣ мебошад. Шӯрои амнияти СММ моҳи гузашта аз ҳама ҷонибҳои низоъ дар Либия хост, ки интиқоли нарми қудратро ба дасти ҳукумати гузор таъмин кунанд ва аз кишварҳои дигар хост, ки “бетаъхир” ҷангиёнашонро аз хоки Либия берун кашанд. Дар як гузориши СММ гуфта мешавад, ки дар Либия то 2 ҳазор низомии шартномавии Гурӯҳи Вагнер қарор доранд ва онҳо ба элитаи сиёсии Русия марбут ҳастанд. Маскав ҳамеша гуфтааст, ки ҳеҷ гуна низомии рус дар хоки Либия вуҷуд надорад. Гузориш ҳамон рӯзе нашр шуд, ки ҳукумати интиқолӣ қудратро ба даст овард. Мишел таъини ҳукумати интиқолиро як ҳодисаи таърихӣ номид  ва аз ҳама гурӯҳҳои сиёсии Либия хост, ки барои эҷоди як кишвари боэътидолу шукуфо саҳмгузор шаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.