Президенти Шӯрои Аврупо ба Путин: Русия бояд рафтори харобкоронаашро бас кунад

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел  дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин рӯзи 7-уми июн  таъкид кардааст, ки равобити ду ҷониб дар сатҳи поин қарор дорад ва аз ин бадтар шудани вазъ ба манфиати ҳеҷ ҷониб нест.  Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо гуфта мешавад, ки Мишел дар ин сӯҳбати телефонӣ Путинро огоҳ кардааст, ки мавзӯи Русия моҳи май дар Шӯрои Аврупо баррасӣ шуд ва дар ин ҷаласа “фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, таҳрикомез ва харобкоронаи Русия алайҳи ИА ва кишварҳои узваш маҳкум шудааст”. Дар саҳифаи худ дар  Twitter Мишел гуфт, ки “танҳо дар сурате, ки Русия рафтори харобкораашро бас кунад”, ҳамкориҳо беҳтар мешавад. Худи ҳамон рӯз Кремлин дар як изҳороташ навишт, ки Путин ҳам гуфтааст, ки “сатҳи ҳамкориҳои миёни ду ҷониб қаноатбахш нест”.

Ҳамкориҳои миёни ИА ва Русия аз соли 2014, замоне, ки нимҷазираи Қрими Украина аз ҷониби Русия ишғол шуд ва Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина пуштибонӣ кард, бад шуд. ИА бовар дорад, ки Русия дар ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ ҷудоиталабони шарқи Украинаро бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад. Моҷарои атрофи заҳролудшавии афсари амниятии Русия дар хоки Бритониёи Кабир, ки ба бовари аврупоиҳо, кори дасти ҷосусони рус будааст, як мавзӯи дигари мавриди таниш дар муносибатҳои ду ҷониб дониста мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.