Президенти Тоҷикистон: «Шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад»

ДУШАНБЕ, 28.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад. Чунин баён доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

«Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад»,- тазаккур доданд Эмомалӣ Раҳмон. — Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд».

Дар идома Пешвои миллат афзуданд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.