Президенти Туркия маҷаллаи “Charlie Hebdo”-ро ба додгоҳ кашид

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон зидди маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” барои нашри карикатураи худ ба яке аз додгоҳҳои кишвараш шикоят бурдааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Анадолу”, вакили дифои Эрдуғон гуфтааст, маводи маҷалла туҳмат буда, ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва ба озодии баён марбут нест”. Ба ҷуз ин, Додситонҳои турк бо банди таҳқири президент парванда боз кардаанд.

Charlie Hebdo карикатураи Эрдуғонро рӯзи чоршанбе нашр кард. Президенти Туркия дар он қадаҳе дар даст рӯи курсие нишаста, домани бонуи ҳиҷобпӯшеро боло мекунад ва мегӯяд, “Оҳ паёмбар!”. Дар шарҳи карикатура навишта шудааст, “Эрдуғон дар ҳаёти шахсия ишвагар аст”.

Маводи “Charlie Hebdo” дар пасманзари сард шудани муносибатҳои Анқара ва Порис баъди куштори омӯзгор Самюэл Патӣ нашр шуд. Ин омӯзгор ҳангоми баррасии масъалаи озодии баён дар дарс карикатураҳои паёмбар Муҳаммадро нашр кард ва 16 октябр кушта шуд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон куштори омӯзгорро “ҳамлаи террористии исломӣ” номид ва гуфт, Ислом дар вазъи буҳронӣ қарор дорад. Ин гуфтаҳои ӯ нигарониҳоеро дар кишварҳои мусулмоннишин ба бор оварда, Эрдуғон вайро “бемори равонӣ” номид. Дар натиҷа Порис сафири худро аз Анқара бозхонд кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.