Президенти Туркманистон аз Ҷумҳурии Чех ҷоми шаробнӯшӣ фармоиш дод

Ширкати чехии истеҳсолкунандаи маснуоти шишаии “Moser” барои президенти Туркманистон ҷомҳои шаробнӯшие истеҳсол кард, ки дар онҳо нақши аспҳои президент ҳаккокӣ шудаанд.

Павел Ментсл, раиси шикати чехӣ дар ин бора дар мусоҳибаи нашрияи   euro.cz хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ширкати “Moser” дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мағоза дорад ва қароргоҳи президенти он кишварро бо маснуоти шишаӣ таъмин мекунад. Раиси ширкат гуфтааст, ки чанде пеш аз президенти Туркманистон фармоиши сохтани ҷомҳои шароберо гирифтанд, ки дар онҳо бояд нақши аспҳои президент ҳаккокӣ шаванд.

“Ибтидо аз аксҳои аспҳои президент дизайн сохта ва баъдан ба ҷомҳои шишаӣ гузаронида шуд”, – гуфт Мантсл.

Роҳбари ширкат нагуфт, ки истеҳсоли ин гуна ҷомҳо чи қадар арзиш доштааст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо асппарвариаш маъруф аст. Вай дар васфи аспи зоти ахалтека китобу шеър эҷод кардааст.

Дар Туркманистон ҳамасола рӯзи аспи ахалтека таҷлил ва миллионҳо доллар дар он харҷ мешавад. Ба ифтихори аспҳои писандидаи президент ҷоиза ва унвони давлатӣ таъсис шудааст.

Ширкати чехии “Moser” соли 1857 дар Карлови Варахи ҷумҳурии Чех аз сӯи соҳибкор Людвиг Мозер таъсис шудааст. Дар гузашта шоҳҳои Бритониё, султонҳои Туркия, шоҳҳои Эрон ва Папаҳои Рим аз фармоишгарони маҳсулоти ширкати “Moser” буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.