Президенти Туркманистон курсии раисии порлумонро соҳиб шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раисии порлумони он кишвар Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14-уми апрел баргузор гардид. Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи порлумон шахсан эълом кард, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо ба узвияти порлумони Туркманистон интихоб шудани Бердимуҳаммадов хабар дода буданд.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, Бердимуҳаммадов ҳамзамон ҳам раиси ҳокимияти қонунгузор ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроияи Туркманистон шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1-уми март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комиcсияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки “барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ” 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазири ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.