Президенти Туркманистон узви палатаи болоии порлумони кишвараш шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон узви Халқ Маслаҳатӣ ё палатаи болоии порлумони кишвараш интихоб шуд. Дар ин бора дар ҷаласаи девони вазирони он кишвар рӯзи 29 март хабар доданд.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, вай ҳамзамон ҳам узви ҳокимияти қонунгузор ва ҳам роҳбари ҳокимияти иҷроияш шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон низ ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки “барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ” 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазири ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.