Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров 75-сола шуданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Имрӯз, 26 октябр доктори илмҳои иқтисод, ходими ҷамъиятӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров  75- сола шуданд. 

  • Иқтисоддони машҳури тоҷик соли 1945 дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
  • Ӯ баъди хатми мактаб дар зодгоҳаш ба донишгоҳ дохил шуда,  соли 1967 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм намуда, муддате дар кафедраи иқтисоди сиёсӣ чун ассистент кор кардааст.
  • Солҳои 1968-1969 котиби комитети комсомолии шаҳри Душанбе, 1970-1971 ходими хурди илмӣ, 1971-1974 аспирант, 1975-1976 ходими калони илмӣ, 1976-1977 мудири сектор, 1977-1992 мудири шуъбаи Институти иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст.
  •  Ҳамзамон солҳои 1977-1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иқтисоди сиёсӣ дарс додааст. Солҳои 2001-2009 мудири шуъбаи Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  • Ҳочимуҳаммад Умаров аз нафарони дастрас барои расонаҳои тоҷик буда, мунтазам дар масоили гуногуни ҷамъиятӣ изҳорӣ назар мекуна д.
  • Ӯ муаллифи зиёда аз 250 таълифот аст, ки масъалаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро фаро гирифтаанд.Ковиши илмиаш бобати қонуният ва хусусиятҳои муҳими инкишофи деҳот сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст, ҳарчанд гоҳе аз нигоҳҳои ӯ мавриди интиқод ҳам қарор мегиранд.
  • Таҳлил, хулосаву  бардоштҳояш перомуни вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистону, тавсияҳояш бобати роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ пайваста мавриди таваҷҷӯҳи иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон қарор мегиранд.
  • Аз шумори камтарин муҳаққиқони тоҷик аст, ки барои таҳияи гузоришҳои илмиву тадқиқотӣ аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии иқтисодӣ ҷалб мегардад.
  • Солҳои ахир башиддат аз ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ пуштибонӣ мекунад, ки мисли хеле аз мавзеъгириҳои қаблияш ба мақомоти Тоҷикистон хушоянд нест.

The post Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров 75-сола шуданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.