Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар бораи ояндаи Чабҳаи муқовимати миллӣ ва Осиёи Марказӣ

Кишварҳое, ки маҳз ба хотири шикастондани Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва ронондани он аз ҳудудҳои ҷуғрофии манфиатҳои геополитикии худ бо гурӯҳи террористии Толибон ҳамкории модӣ ва низомӣ карда, барои дубора ба сари қудрат оварондани он мусоидат намуданд, танҳо пас аз хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон ва ба инобат нагирифтани Толибон маслиҳату машваратҳои онҳоро ба таври воқеъӣ дарк намуданд, ки тарҷеҳи рақобат бо Амрико бар мубориза бо гурӯҳи террористии Толибон иштибоҳ буд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин пас аз он ки Толибон баъди ба сари қудрат расидан дар Кобул алорағми маслиҳату машваратҳои кишавараш амал намуданд, аз ҷумла пешниҳоди ташкили ҳукумати фарогирро ба инобат нагирифтанд, дар мусоҳибаи матбуотиаш норозиёна изҳор дошт, ки: “Толибон маслиҳатҳои моро ҳазл (анекдот) пиндоштанд” (26 августи 2021). Аз баёния ва изҳороти шахсони расмии дигари Русия (С.Лавров, Мария Захарова ва ғ.) ҳамчунин бармеояд, ки хушбиниҳои ин кишвар нисбат ба Толибон кам-кам дигар шуда истодааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон (17 сентябр) аз номи ҳукуматаш аз ҳамлаи Толибон ба Панҷшер ва минтақаҳои ҳазоранишини Афғонистон ва дахолати Покистон дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Ва Раиси ҷумҳури он ҷаноби оқои Иброҳими Раисӣ (18 сентябр) ҳушдор дод, ки “ҳукумате, ки амалан аз аъзои Толибон ва гурӯҳи қавмии пуштунҳо ташкил шудааст, қазияи Афғонистонро ҳал карда наметавонад”. Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ин рӯзҳо норизо аз он аст, ки Толибон фурӯдгоҳи низомии Багромро дар ихтиёри низомиёни Чин вогузоштаанд.
Аз кишварҳое, ки барои ба сари қудрат омадани Толибон муосидат карданд, бештар ва ошкоротар аз ҳама Ҷумҳурии мардумии Чин ва Давлати исломии Покистон барои ҳамкорӣ ва муколима бо ҳукумати Толибон тамоюл нишон доданд. Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Си Тсинпин аз сарони кишварҳои аъзои СҲШ даъват кард, ки “дар чорчӯби СҲШ бо Толибон ҳамкорӣ намоянд” (Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои СҲШ, Душанбе, 17 сентябри 2021).
Дуруст аст, ки идомаи ҳузурии низомии ИМА дар Афғонистон ва афзудани нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитии Русия, Чин ва Эронро халадор месохт ва номатлуб буд.
Аммо кишварҳои мазкур мебоист дар бораи он меандешиданд, ки ба сари қудрат оварондани гурӯҳи ифротии Толибон ба маротиб хатари бештаре дорад барои ин кишварҳо ва минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба ҳузури низомии Амрико ва нуфузи он дар Афғонистон. Аз чунин оқибати он ҳукумати феълии Амрико хеле хуб пай бурда буд, бинобар ин ба ҷойи идомаи рақобат бо рақибони геополитикии хеш бо хуруҷи худ ҳамаи мушкилиро ба сари онҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Чин , Эрон ва Покистон таҳмил дод ва аз як дарди сари бузурге раҳоӣ ёфт.
Котиби давлатии вақти Амрико Ҳенри Кесинҷир “хуруҷи бебарнома ва шитобзадаи” Амрико аз Афғонистонро “як шикасти стратегӣ” ва “шикати ғайри қобили ҷуброн тавсиф кард”. Дарвоқеъ, кишвари ИМА дар тӯли бист соле, ки дар Афғонистон ҳузури густурдаи низомӣ ва сиёсӣ дошт, ба иштибоҳот ва хатоиҳои пайдарпайе роҳ дод. Ва он иштибоҳот ва хатоиҳои ин кишвар дар Афғонистон, ба назари мо, чунин мебошанд:
1. Дастгирӣ накардани ҳукумати вақти профессор Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмалшоҳи Масъуди тоҷиктабор бо он ки тамоми вазнинии мубориза бо гурӯҳи террористии Толибонро дар Афғонистон бар дӯши худ дошт;
2. Ташкил ва пуштибонӣ аз ҳукуматҳои пуштунтабори Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ бо роҳи фишор ва тақаллуби густурда дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар ин кишвар. Ҳама медонанд, ки дар Конфронси Бонн барандаи райъдиҳӣ Абдулсаттор Сирати ӯзбектабор буд, на Ҳомид Карзай. Дар интихоботи раёсатиҷумҳурии солҳои баъдина низ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ баранда буд, на Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ. Ҳам Ҳомид Карзай ва ҳам Ашраф Ғанӣ сиёсати паштунгароиро пеш гирифта, барои тақвият додани ҳузури Толибон дар Афғонистон кӯшиш доштанд. Бино бар шаҳодати вазири мудофиаи вақти Амрико Роберт Гейтс, Ҳомид Карзай дар як суҳбати маҳрамона бо ӯ талқин намуда будааст, ки бузургтарин таҳдид барои ҳукумати вай на Толибон, балки Ҷабҳаи шимол аст, аз рӯ ба ӯ мусоидат намояд то сарони Ҷабҳаи шимол аз байн бурда шаванд. Ба гуфтаи ин низомии баландрутбаи амрикоӣ маҳз дар давраи дуюми ҳукумати Ҳомид Карзай ҷобаҷо кардани Толибон дар самти Шимол оғоз гардидааст. Ва Ашраф Ғанӣ кори саркардаи ҳамтабори хеш Ҳомид Карзайро давом дода, тамоми самти шимоли кишварро ба тасарруфи Толибон даровард. Лофе, ки ӯ пас аз фирораш аз Афғонистон дар Дубай задааст, дурӯғ нест, фейк нест, чунонки баъзе аз коршиносон гумон доранд, балки моҳиятан ба тамоми амалкардҳои ӯ дар даври ҳукмрониаш мутобиқат дорад. Вай гуфтааст, ки кореро, ки дар вақташ на Амонуллохон, на Довудхон ва на доктар Наҷиб тавонистаанд анҷом диҳанд, яъне “тамоми сарзаминро…аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Кандаҳору Ғазнию Бомиёну Урузгон ба моликҳои аслиашон (!? манзураш ҳамоно Толибон ва пуштунҳо мебошанд – А.С.) супоридам”. Ҳукумати пуштуншумули Толибон дар бистаре, ки Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ва ёронашон омода сохтанд, амал хоҳад кард;
3. Таъини Залмай Халилзоди пуштун ба сифати намояндаи Амрико дар корҳои Афғонистон, зеро ӯ аз сиёсатҳои Амрико ба манфиатҳои қавмӣ ва табории худ сӯъистифода кард;
4. Бастани созишномаи сулҳ бо Толибон дар Дуҳа, ки дар амалияи робитаҳои байналмилалӣ бесобиқа аст. Зеро ҷанги Толибон бо ҳукумати дастнишондодаи Амрико дар Кобул буд, на бо худи Амрико. Барои ҳамин ҳам мантиқӣ мебуд, ки ҳукумати Афғонистон бо Толибон созишномаи сулҳро ба имзо мерасонд, на бо яке аз кишварҳои хориҷие, ки низомиёнашон дар он ҳузур доштанд;
5. Дар муносибат бо Толибон такя намудан ба Покистон, ки нисбат ба Афғонистон ғаразҳои худро дорад ва он ба манфиати стратегии Амрико низ мухолиф мебошад. Бо вуҷуди он ки роҳбарони Амрико дар Стратегияи нави худ нисбат ба Афғонистон салоҳиятҳои Покистонро маҳдуд намуда буданд ва ба он ҳушдор ҳам дода буданд, ки баъд аз ин танҳо дар чорчӯби он фаъолият намояд;
6. Хуруҷи “бе барнома ва шитобзадаи Амрико” (Ҳенри Кесинҷир). Президенти феълии Амрико Ҷо Байден бояд пеш аз баровардани артиши худ аз Афғонистон, ки бист соли расо дар ин кишвар ҳузур дошт, барномарезӣ мекард ва заминаро барои фаъолияти мустақилонаи ҳукумати дастнишондааш дар ин кишвар омода месохт ва раванди сулҳро бо Толибон ба марҳалаи мушаххасе мерасонд. Агар ин корҳоро анҷом медод, суқути босуръати Афғонистон аз тарафи Толибон сурат намегирифт
Ҳамаи ин иштибоҳот ва хатоиҳои ИМА-ро, ки баршумурдем, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ин кишвар бо вуҷуди доштани дастгоҳҳои муқтадири истихборотию иктишофӣ, коршиносӣ, ҳузури густурдаи дипломатӣ ва низомӣ дар Афғонистон аз он шинохти дурусте надошт, то ки дар нисбати он сиёсати дурусту муносибе дошта бошад.
Аммо шикасти Амрико дар Афғонистон маънои бурди рақибони стратегии он, аз ҷумла Русия, Чин ва Эронро низ надорад. Зеро дарди сари онҳо бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон кам нашуд, балки зам гардид. Хатари дубора бо ду дасти адаб ба қудрат расонидани гурӯҳи террористии Толибон аз тарафи ин давлатҳо ва Амрикову Покистон ба маротиб зиёдтар аст нисбат ба хатари ҳузури Амрико дар минтақа. Зеро, аввалан, ташкили як давлати терроистӣ дар қалби Осиё маънои ташвиқи гурӯҳҳои дигари ифротию террористӣ, аз қабили ДОИШ, Алқоида ва ғ. барои расидан ба қудрати сиёсию низомӣ мебошад.
Дар ин бора Сарвазири Ҳиндустон ҷ-би Нарендра Моди дар паёми худ ба Маҷлиси мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ бо сароҳат дуруст ишора кард ва онро як ибрати баде номид. Сониян, ба маснад шинондани мафкураи террористию ифротгароӣ дар симои Толибон нерӯҳои пинҳону ошкори тарафдорони ин мафкураро зинда ва фаъол мегардонад, аз он ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Чин ва ғ. Дар шароити феълии ҷаҳони имрӯзӣ наметавон танҳо бо тақвияти нерӯҳои низомӣ дар марзҳо пеши роҳи вуруди террористону ифротгароён ва мафкураи онҳоро гирифт. Умед бастан ба ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон низ ба он, ки онҳо ба гурӯҳҳои террорстӣ ва ифротгаро дар Афғонистон роҳ нахоҳанд дод, иштибоҳи маҳз аст.
Зеро бо вуҷуди он ки Толибон аз ҳамкории худ бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарое, мисли ДОИШ ва Алқоида дар забон мункир мешаванд, дар амал ҳеч вақт робитаашонро накандаанд ва канданӣ ҳам нестанд. Таркишҳое, ки дар майдони ҳавоии Кобул дар аввалин рӯзҳои тасарруфи Кобул аз тарафи Толибон ва дар ҳузури онҳо рух дод ва ДОИШ ба зима гирифт, худ далели равшан бар он аст. Ё худ дар сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир намудани гурӯҳҳои ифротии Ансоруллоҳ ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ӯзбекони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иборат мебошанд, чӣ маъно дорад.
Барои он ки ин пешгӯиҳо амалӣ нашаванд ва кишварҳои минтақа ва дуру наздики дохили қазияи Афғонистон ба хатоиҳову иштибоҳоти нав роҳ надиҳанд, онҳоро зарур аст, ки қадамҳои зеринро бардоранд:
1. Ҳукумати террористии Толибонро дар Афғонистон ба расмият нашиносанд. Чанд кишвари маълуме, ки дар баробари Покистон барои ба расмият шинохтани Толибон майл доранд, хатоии бузург ва нобахшидание хоҳанд кард. Раиси ҷумҳури вақти Эрон ҷаноби оқои Аҳмадинажод дар мусоҳибааш бо телевизиони Виони Ҳиндустон (9 сентябри 2021) дуруст пешгӯӣ мекунад, ки “ҳодисаҳои Афғонистон ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки аз Толибон пуштибонӣ мекунанд, таъсир хоҳад гузошт”;
2. Кишварҳое, ки феълан дар баробари Толибон сукутро ихтиёр кардаанд, бояд бидонанд, ки ин балои аср мисли короновирус дер ё зуд ба онҳо низ хоҳад расид;
3. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд фишорро болои Толибон ва ҳомиёнашон, пеш аз ҳама Покистон, бештар намоянд ва онҳоро водор бикунанд, ки ба ташкили ҳукумати фарогир бо намояндагии тамоми нарӯҳои сиёсӣ,мазҳабӣ ва қавмӣ розӣ шавад, ба риояти ҳақу ҳуқуқ ва озодиҳои демократии шаҳрвандон кафолат диҳад, сиёсати наслкушиву қавмзудоиро дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Панҷшер ва самти Шимол хотима диҳад ва ба баргузории интихоботи воқеъӣ ва озод омодагӣ гиранд. Фазо ва раванди умумии Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД, ки дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16 ва 17 сентябри 2021 таҳти раёсати Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар он мавқеъи қотеъонаи ҶТ ва сарвазири муҳтарами Ҳиндустон ҷаноби Нарендра Моди дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон пас аз тасарруфи Толибон баён гардид, ҳамчунин эътироф нагардидани ҳукумати номниҳоди Толибон Аморати исломии Афғонистон аз тарафи ҳеч кишваре водор намуд, ки дар вақташ Сарвазири давлати пуштибон ва ҳимоятгари асосии онҳо Покистон ҷ-и Имронхон нармиш аз худ нишон бидиҳад ва дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон розӣ шавад, ки вазифаи водор кардани тарафи Толибонро барои ташкили ҳукумати фарогир ба зимаи худ бигирад ва эътироф намояд, ки тоҷикон ақаллияти бузургеро дар Афғонистон ташкил медиҳанд ва ҳаққи дар ташкили ин ҳукумат иштирок карданро доранд.
Эмомалӣ Раҳмон тавонист Имронхонро мутақоид бисозад, ки “ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер, эълони оташбас ва гушодани роҳҳо барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми он зарур мебошад”.
Аз тозатарин навиштаҳои ҷаноби Имронхон дар сомонаи интернетиаш бармеояд, ки ӯ ба иҷрои ваъдааш шурӯъ намудааст. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ӯ бозигари таҷрибадор аст ва кишварҳои ҷонибдори Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон набояд фирефта шаванд;
4. Феълан дар Афғонистон ягона нерӯи созандае, ки вуҷуд дорад, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо сардории Аҳмади Масъуд мебошад ва тавони онро дорад, ки ваҳдат ва якпорчагии тамоми қавму қабоили онро ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд ва сулҳу оромиро ба ин кишвари ҷангзада баргардонад. Аз ин сабаб онро ҳаматарафа дастгирӣ бояд кард. Ташаббуси даъвати раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон Аҳмади Масъуд аз тарафи Иттиҳоди Аврупо шоистаи дастгирист.

Дар ғайри он ҷанги шаҳвандии густурда ва давомдор алайҳи гурӯҳи ифротии Толибон ва ҳомиёнашон оғоз хоҳад гардид, ки Афғонистонро аз нав ба гирдоби бало фурӯ хоҳад кашид ва амнияти на танҳо ин кишварро, балки минтақа ва ҷаҳонро барҳам хоҳад зад.

Абдунабӣ Сатторзода

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.