Пудратчии асосии “НБО -и Роғун” гаштани ширкати наздик ба Рустами Эмомалӣ

  • Манбаъ: “Авеста”
  • Манобеи молӣ: Ба ҷомеа ҳисоботи молӣ пешниҳод намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Акционеры решили увеличить уставной капитал ОАО «Рогунская ГЭС»

MediaMarker

Хабаргузории “Авеста” аз баргузории ҷаласаи саҳҳомони “НБО-и Роғун” дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, боло бурдани сармояи оинномавии ширкатро барҷаста кардааст, вале на ҳаҷми онро зикр кардаасту на ба кӣ тааллуқ доштани ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро, ки бо раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллӣ таъин кардани Рустами Эмомалӣ аз ҷониби падараш бузургтарин неругоҳи Тоҷикистонро ба манбаъи азхудкунии маблағҳои будҷавӣ табдил додааст….

  • “Авеста” иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи мазкур зери назари раиси Шурои нозирони ҷамъияти саҳҳомӣ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода баргузор шуда, дар он ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосиботӣ, гузориши комиссиюни тафтишотӣ оиди фаъолияти молии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО-и Роғун” ва хулосаи аудити ҷамъият барои соли 2020 пешниҳод шудаанд. Вале расона макони баргузории ҷаласа: шаҳри Душанбе,  бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, воқех дар кӯчаи Теҳрон, 5-ро дарҷ накардааст.
  • Баррасии 10 масъалаи зерин, ки  рӯзномаи ҷаласа аз онҳо иборат буд, ҳамчунин аз назари расона дур мондааст:
  1. Ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020.
  2. Хулосаи аудитори ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020.
  3. Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2020.
  4. Оид ба зиёд намудани сармояи онномавии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
  5. Оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
  6. Дар бораи маъқул донистани лоиҳаи қарордоди лоти 3 «Сохтмони иншооти соҳили рост»-и НБО «Роғун» байни фармоишгари сохтмони иншоот – ҶСК «НБО Роғун» ва пудратчии генералии сохтмони НБО «Роғун» аз рӯи лоти 3 (сохтмони иншооти соҳили рост) – ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж».
  7. Интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
  8. Интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
  9. Интихоби аъзои комиссияи баҳисобгирии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
  10. Тасдиқи аудитори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2021 ва подошпулии он
  • “Авеста” аз боло бурдани ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ иттилоъ додааст, вале бархилофи асли рӯзноманигории пурра ва комил таҳия кардани матлаб ба кадом миқдор зиёд кардани сармояи ҷамъиятро дарҷ накардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи ҷамъият чанде пеш аз кам кардани сармояи оинномавӣ иттилоъ дода буд:

  • Расона бархилофи усули ҳақиқатнигорӣ ба хонандагон иттилоъ надодааст, ки дар асл ҳисоботҳои ҶС “Неругоҳи Роғун”, ки тибқи қонунгузорӣ оид ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бояд дар дастрасии умум бошанд, ба ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод намешаванд, балки вонамуд мешавад, ки ин тарҳ мардумист. Дар бахши зирабти сомонаи ҷамъият низ гуна иттилоъот вуҷуд надорад:
  • Бино бар иттилоъи “Авеста” дар ҷаласаи мазкур саҳҳомон як қарордоди муҳимми ҷамъиятро бо ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оиди бунёди иншооти зарурӣ қобили қабул донистаанд, вале расона бархилофи усули рӯзноманигории воқеъиятнигорӣ дарҷ накардааст, ки ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» чи ширкатест, ба кӣ таалуқ дорад ва манфиатбардор ё бенефтисиари аслии он кист. Моҳиятан сухан аз сонсури иттилоъи барои ҷомеа аҳамиятнок меравад.
  • Ҳадди аққал ду манбаъи МедиаМаркер аз доираҳои тиҷоративу молии Тоҷикистон бар онанд, ки ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж” (ТГЭМ)  ширкати наздик ба писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад, ки  бо таъин шудани ахирӣ ба маснади раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ба пудратчии аслии НОБ-и Роғун табдил ёфта, ҷои ширкатҳои тағояш – Ҳасан Асадуллозодаро дар бузургтарин сохтмони кишвар (ҳудуди 2,2 млрд. доллар маблағи будҷавӣ дар соли 2020) гирифт.
  • Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, айни ҳол қарзи неругоҳи ҶС “Неругоҳи Роғун” ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари зери назари ин гуруҳ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
  • Дар ТГЭМ ва ҶСК “НБО-и Роғун” ҳич кас омода нашуд, ки дар ин бора бо МедиаМаркер суҳбат кунад, аммо як корманди воломақоми неругоҳ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки “дар бораи ин ширкат гап задан манъ аст,… вале мардуми Роғун ва сохтмончиён ҳама медонанд, ки ширкат дар хидмати Рустам аст”.
  • Аз аҷобатҳои дигари кори ин ширкат фаъол набудани сомонаи расмии он мебошад, ки дар домени https://tgem.tj/ ҷой дорад, вале ҳич иттилоъе дар он вуҷуд надошта, соатҳо ин навиштаҷотро пешниҳод мекунаду бас:
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки бунёди НБО-и Роғун яке аз муҳимтарин тарҳҳои бунёдии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, 10 сол боз идома дораду барои оғози бозсозии он аз мардуми кишвар бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла саҳмияхарии иҷборӣ беш аз 800 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст.
  • Бо назардошти нукоти боло ба матлаби “Авеста” нишони “Матлаби беэътимод” лоиқ дониста мешавад.

The post Пудратчии асосии “НБО -и Роғун” гаштани ширкати наздик ба Рустами Эмомалӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.