Пулиси Бритониё гуфт, набераи Назарбоев маводи мухаддир “куштааст”

Мақомоти тафтишотии Бритониё ба ин хулоса расидаанд, ки Ойсултон Назарбоев, набераи раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар натиҷаи нашъамандӣ ва ё эътиёд ба кокаин ҳалок шудааст. 

Натиҷаҳои тафтишот, ки рӯзи 24-уми март нашр шуд, мумкин аст, ба сарусадоҳо дар бораи марги шубҳабарангези набераи Нурсултон Назарбоев хотима диҳад. Ойсултон Назарбоеви беҳушро рӯзи 16-уми августи соли 2020 дар як парки шаҳри Лондон пайдо карданд. Ӯ солҳо пеш нашъаманд шуда буд.

Ойсултон Назарбоев, чанд дафъа ошкоро хонаводаи худро ба фасодкорӣ муттаҳам кард ва баъди ин сару садо бархост, ки шояд ӯро барои ин корҳояш кушта бошанд. Ойсултони 29-сола писари Дариға Назарбоева, духтари раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон ва шавҳари пешинааш Роҳат Алиев буд. Падараш дар боздоштгоҳе дар Австрия ва вақти тафтиши парвандаи ҷиноиаш вафот кард. Ойсултон Назарбоев, чанд сол муовини раиси Федератсияи футболи Қазоқистон буд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.