Пулиси Лондон ҳамлавар ба раҳгузоронро кушт

Дар ҷануби Лондон пулис мардеро парронд, ки бо корд ба роҳгузарон ҳамла кард. Пулиси Лондон мегӯяд, ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ хоҳад кард.

Дар натиҷаи ҳамла се нафар захмӣ шуда, ҷони якеашон дар хатар аст.

Ба иттилои Бӣ-бӣ-сӣ, ҳамлагар охирҳои моҳи январ аз зиндон озод шуда, ними ҷазои сесоларо барои айби марбут ба терроризм адо кардааст.

Мард вориди фурӯшгоҳ шуда, ба муштариён ва сипас ба берун баромада, ба зани дучархарон ҳамла намудааст. Кормандони пулис се бор ӯро паррондаанд, дар натиҷа ҳамлагар дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.