Пулиси Минск тазоҳурот дар маркази шаҳрро пароканда кард

Пулиси Белорус иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ дар майдони Истиқлоли шаҳри Минскро пароканда кард

Шоҳидон аз боздошти эътирозгарон хабар медиҳанд. Кормандони ОМОН ҳудуди 100 нафарро дар калисоҳои Симеон ва Елена 40 дақиқа маҳкам карданд.

Корбарон хабар доданд, ки тамосҳои мобилӣ барои як муддати кутоҳ қатъ шуд. Ба гуфтаи онҳо, иртиботи мобилӣ пеш аз омадани маъмурони ОМОН ба майдон қатъ гаштааст. Ин хабарро дар ширкати фароҳамкунандаи интернет – А1 тасдиқ карданд. Дар ширкат гуфтанд, ин кор бо дастури мақомот сурат гирифт.

Дар Белорус 9 август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои расмӣ, гӯё дар он президент Александр Лукашенко 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Вале мухолифон норозигӣ баён карданд. Аз шоми 9 август ба ин сӯ дар Белорус эътирозҳо бо талаби истеъфои Лукашенко идома доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.