Пуштибони “Бобои барфӣ” ё чӣ тавр Рамазон Раҳимзода аз Гуловҳо иблис метарошад?

“Азия-плюс” ва Радиои Озодӣ аз як муноқиша дар пойтахт бо  ширкати фарзандони Гул Шералӣ собиқ вазири саноат ва қудои президент хабар доданд. Аммо огоҳона ё ноогоҳона хостаҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро, ки нисбати Шералӣ Гул хусумати шахсӣ дорад, амалӣ карда, талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигориро нодида гирифтаанд. Нақди расонаӣ ва ростиозмоии ин матолиб ҳамчунин собит сохт, ки: 

  • Манбаъи матлаби “Азия плюс”, ки  “Занозанӣ дар тарабхонаи пойтахт бо иштироки писарони собиқ вазири энергетика Гул Шералӣ” ном дорад,  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон дода шудааст, аммо дар сомонаи ин ниҳод, ки маъмулан чунин хабарҳоро нашр карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби барҷаста ҳам медиҳад, дар ин бора хабаре нест. Ин гуна бархурд бесабаб буда наметавонад.
  • “Азия плюс” макони занозаниро бардурӯғ тарабхонаи “Сим – Сим” дарҷ кардааст, ҳол он ки  кашмакаши гуруҳӣ ва занозанӣ дар коргоҳи мошиншӯӣ  дар масофаи 70- 90 метрӣ рух додаасту маълум кардани он барои рӯзноманигоре, ки макони ҳодисаи ҷиноиро таҳқиқ мекунад,  мушкил нест.
  • Аз хабари “Азия плюс” бармеояд, ки бародарон Гуловҳо ба “мизоҷи тарабхона” ҳуҷум ва ӯро бо корд захмин карда, сипас аз макони ҳодиса ғайб задаанд, ки ҳақиқат надорад. Дар ин қазия ҳадди аққал ду тан захми корд гирифтаанд, ки аввалӣ Амирхон Сангалиев (аз пой) ном дошта, хешбачаи Гуловҳо мебошаду дигарӣ Фирдавс Муродов, ки дар олами ҷиноии пойтахт бо лақаби “Бобои барфӣ” шинохта мешавад. Ӯ аз ноҳияи ишкам ва сараш захмӣ шудааст.
  • Расона дар такя ба манбаъ аз ВКД таъкид кардааст, ки “пас аз муноқиша бародарон Гуловҳо ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд, аммо воқеъият ин аст, ки ҳамаи ширкатдорони занозанӣ ҷои ҳодисаро тарк карда,  худ ба духтур муроҷиат кардаанд. Захми аввали  сабук арзёбӣ мешаваду дувумӣ вазнин.
  • “Азия плюс” дар матлабаш ба тавозуни назарҳо риоя накарда, назари ҷониби Гуловҳоро ба хонанда пешниҳод накардааст, балки қазияро якҷониба бозтоб додааст, ки бархилофи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 2-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • Расонаи дигар, ки қазияро тақрибан ҳамин гуна пӯшиши иттилоъотӣ додааст, Радио Озодӣ мебошад, ки  матлаби нахустинашро хеле монанд ба “Азия плюс” “Занозанӣ дар тарабхонаи “Сим-Сим”. Як писари Гул Шералиро дастгир кардаанд, дигаре кофтукоб мешавад” ном ниҳодааст.

  • Дар он низ макони ҳодиса бардурӯғ нишон дода шудаасту маҷруҳ як тан (Фирдавс Муродов) дарҷ шуда, вазъи ӯ  “саломатиаш вазнин аст” арзёбӣ шудааст. “Озодӣ” аз мавҷудияти захмии дуюм ноогоҳӣ кардааст.
  • Нуктаи ҷолиби дигари матлаби радиои Озодӣ мавзеъгирии ғаразмандонаи “манбаъи хабар аз ВКД” мебошад: “Баъд аз муноқиша бо мақсади қасдан расондани зарар ба узвҳои ҳаётан муҳими шаҳрванд бо корд зарари вазнин расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар беморхонаи Қарияи Боло зери назорати табибон карор дошта, саломатиаш вазнин аст”.
  • “Азия плюс”  ва “Озодӣ” дар матолибашон аз як акси Диловар Гулов истифода бурдаанд, ки ба ВКД таалуқ дошта, бе розигии шаҳрванд дар шароити ноозод будани ӯ бардошта шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксҳои дигари номбурда дар бойгонии расонаҳо ҷой доранд. Истифода аз аксу тасвири номуносиб паст задани шаъну шарафи инсонӣ ва эътибори одам маҳсуб мешавад.
  • Радиои Озодӣ ба гумони ғолиб баъди вокуниши ҷониби Гуловҳо ба ин мавзуъ дубора руй оварда, чанде аз маълумоти носаҳеҳи дар матлаби аввал овардаашро радд кардааст, вале бархилофи талаботи қонунгузории соҳавӣ ва банди 15-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон матлаби пешинаашро ислоҳ накардааст ва дар ин бора ба корбарон иттилоъ надодааст.
  • Ин расона низ аз боздоштҳои дигари Диловар Гулов ёдовар шуда, онҳоро муфассал тавсиф кардааст, аммо собиқаи ҷиноии ҷониби дигари занозанӣ – Фирдавс Муродовро ба хонанда ошкор накардааст.
  • Ҳол он ки барои мақомоти милиса ва олами ҷиноии Душанбе шахсияти Фирдавс Муродов маълуму машҳур мебошад. Ӯ ба истилоҳ “корчазан” буда, бо тахаллуси “Бобои барфӣ” шинохта мешавад, аммо “манбаъ аз мақомоти интизомӣ” ин маълумоти муҳиммро аз расонаҳо пинҳон доштаасту расонаҳо низ бархилофи усули рӯзноманигории ҳақиқатнигорӣ хостаи манбаъро нашр кардаанд, на ҳақиқатро. Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ ӯ ҳадди аққал се бор дар ҷиноятҳои вазнин гумонбар дониста шуда, муҷозот ҳам шудааст.
  • Тахаллуси “Бобои барфӣ” ба Фирдавс Муродов аз соли 2012 баъд аз ҷиноёти мудҳиши одамкушӣ дар шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад. Он рӯзгор барои қатли Парвиз Давлатбеков, ки дар тан либоси Бобои барфиро дошт, ҳаммаслакони ӯ Беҳрӯз Шарифови ноболиғ барои 10 сол ва Шараф Давлатов, Фаррух Самиев и Абдуҳасан Абдурашидов барои 4 солӣ равонаи зиндон шуда буданд, аммо шахсияти кордзани дигар гӯё номаълум монда буд. Хешовандони мақтул аз забони Шарифи Худобахшова он замон аз рафти тафтишот изҳори норизоӣ карда буданд, зеро ба ақидаи шахсияти кордзани дуюм маълум карда нашудаасту тафтишо гуноҳро махсус сари ноболиғ бор кардан дорад, то муҷозот сабук гардад.
  • Маврид ба зикр аст, ки он замон ин ҷиноят кори дасти ифротгароёни исломӣ эълон шуда буд, аммо дар асл кори як гуруҳ ҷавонони аз Ислом дур буд.
  • Ҳамин тариқ, таҳқиқи МедиМаркер собит сохт, ки сабаби иштибоҳӣ нишон додани макони ҳодиса (1), таъкиди маҷрӯҳ шудани як нафар (2), гуё фирор кардани  Гулов (3), бор кардани гумону тахмин сари аз як ҷониби занозанӣ (4), пинҳон доштани собиқаи ҷиноии як омили занозанӣ (5) ишора ба як будани манбаъи хабари “Азия плюс” ва Радиои Озодӣ мебошад, ки ҷой додани он дар расонаҳо бе иҷозати роҳбари ниҳод номумкин аст.
  • Вазири корҳои дохилӣ, ки аксарияти кулли ҷиноёти фарзандони мансабдорони воломақом бо шумули занозанӣ ва садамаҳои фарзандони Амонуллоҳи “Калуш” Ҳукумов (садама бо чанд қурбонӣ, тирпаронӣ сӯи кормандони БДА дар Анзоб), Нусратулло Абдуллоев (садама ва истифода аз таппончаи ғайриқонунӣ барои муҳофизати худ аз чиниҳо), Давлаталӣ Саидов (садама ва куштори зани ҳомиладор), Иззатулло “Зорро” Шарифзода (пахш кардани се толибаи мадрасаи исломӣ бо худрав) , Фаттоҳ Саидов (занозаниҳо дар чандин тарабхонаҳо) ва дигаронро пинҳон доштаву медорад, вале ҳар яке аз кирдорҳои ҷойдоштаву надоштаи писарони Гул Шералиро бо шеваи манфӣ ва ба таври густурда расонаӣ мекунад, балки аз онҳо иблистарошӣ низ.
  • Ба назар мерасад, ки муаллифи китоби “Фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ” Рамазон Раҳимзода,  ки аз  қазияи қатли “Бобои барфӣ” ва шахсияту нақши дигар ширкатдорони занозании шаби 16 май хеле хуб огоҳ аст, вале бо далелҳои номаълум иттилоъи барои ҷомеа муҳиммро пинҳон медорад, балки аз расонаҳо сӯистифода мебарад.
  • Бо назардошти нукоти боло ба ҳар се матлаби зикршуда нишони “матлаби беэътимод” лоиқ дониста мешавад.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.