Путин қонунеро имзо кард, ки барои демократия “хатарнок” номидаанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия санадеро имзо кард, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифони давлат, ҷараёнҳои демократӣ дар кишварро зери хатар мегузорад. Санад, ки рӯзи 30-уми декабр ҳукми иҷро гирифт, чанде аз ислоҳу тағйирот дар “Қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ”-ро дар назар дорад.

Бар асоси ин қонуни баҳсбарангез, ҳукумат ҳақ дорад, созмон ва касонеро, ки “бо назардошти манфиати кишвари хориҷӣ кор мекунанд”, маъмури хориҷӣ унвон диҳад.

Созмонҳое, ки чунин унвон мегиранд, бояд дар бораи корҳояшон гузориш диҳанд ва фаъолиятҳои молиашон тафтиш мешаванд. Барои эълон шудани “маъмури хориҷӣ” кофист, ки гуруҳе раҳпамоии эътирозӣ ва мубоҳисаҳои сиёсӣ баргузор кунад ва назарашро дар бораи сиёсатҳои давлати Русия бигӯяд.

Созмони Афви Байналмилал, санади мазкурро танқид карда гуфт, ки ин санад “на танҳо кори созмонҳои ғайриҳукуматиро, ки аз хориҷи Русия сармогузорӣ мешаванд, балки кори дигар гуруҳҳоро бисёр маҳдуд мекунад.”

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ, ки соли 2012 қабул ва чанд дафъа ислоҳ шуд, махсус барои ҳадаф гирифтани созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони сиёсӣ аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.