Путин ҳаводиси ҷорӣ дар Қирғизистонро шарҳ дод

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 17-уми декабр дар нишасти хабарии солонаи худ ҳаводиси ҷорӣ дар Қирғизистонро шарҳ дода, онро “ҳараҷу мараҷ” номид.

“Дар онҷо ҳамеша ин гуна “ҳараҷу мараҷ рух медиҳад. Онҷо ҳамеша мешитобанд, ки ҳаёти сиёсии дохилии худро бар асоси намунаи баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ба роҳ монанд. Вале сатҳи баъзе аз фаҳмишҳои сиёсӣ ва мукаммалии институтҳо ба монанди Фаронса нест”, – изҳор дошт раисҷумҳури Русия.

Ба назари Путин, ташаккули низоми сиёсии устувор дар кишварҳои пасошӯравӣ “натиҷаи имрӯз” нест. Он “натиҷаи ҷустуҷӯҳои роҳи худ аст”.

Дар Қирғзистон баъди интихоботи порлумонии 4 октябр, ки натиҷаҳои он норозигии мардумро ба бор овард, буҳрони сиёсие сар зад. Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор ва президент Сооронбой Ҷеенбеков 15 октябр ба истеъфо рафт.

Дар натиҷа Содир Ҷабборов, ки шаби 5 ба 6 октябр аз зиндон озод шуда буд, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон таъйин шуд.

Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон 10 январ таъйин шудааст. Бино ба иттилои Комисияи интихоботӣ, барои ширкат дар интихобот 63 кас ҳуҷҷат супоридааст. Вале то 9 декабр 19 нафари онҳо боқӣ монданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.