Путин ҳодисаҳои Қирғизистонро “дарди сари мардуми қирғиз” номид

Президенти Русия Владимир Путин 22-уми октябр гуфтааст, Кремл ба ҳаводиси ҷории Қирғизистон бо “таассуф ва изтироб” менигарад, вале дар ин раванд дахолат намекунад.

“Он чи дар онҷо мегузарад, як дарди сар аст. Дарди сари мардуми қирғиз мебошад”, – иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханҳои Путин.

Президенти Русия афзудааст, ҳама гуна дахолати беэҳтиётонаи хориҷӣ “иснтитутҳои навбунёди соҳибихтиёрӣ ва давлатдориро дар кишварҳои “ҷавон” маҳв месозад”. “Ба мардум бояд имкон дод, ки ин муносибатҳоро миёни ҷомеа худашон ба таври дақиқ бисозанд. Бояд намунаро нишон дод, вале бо миллионҳои худу ҷонибдорӣ аз гуруҳе набояд дахолат кард”, – изҳор дошт Путин.

“Албатта, ба он чи дар Қирғизистон мегузарад, бидуни таассуф ва изтироб наметавон назар кард, вале мо дахолат намекунем. Бо машварату ҷонибдории худ аз гуруҳи сиёсие дахолат намекунем. Хеле умедворем, ки вазъ дар Қирғизистон ба эътидол меояд. Он ба пой хеста, рушд мекунад ва мо ҳам беҳтарин муносибатҳоро бо он ҳифз хоҳем кард”, – илова кард президенти Русия.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.