Путин аз сокинони Русия хост, ки ҳатман бар зидди COVID-19 эм карда шаванд

Президенти Русия Владимир Путин суханронии 17-уми телевизиониаш дар баробари ҳарду палатаи парлумони кишварро рӯзи 21-уми апрел аз мавзӯи пандемияи COVID-19 шурӯъ кард. Ӯ гуфт, сокинони Русия то тирамоҳи соли ҷорӣ бояд ба як иммунитети ҳамагонӣ даст ёбанд ва аз сокинони кишвар хост, ки алайҳи коронавирус ҳатман эм карда шаванд. Дар ҳоле, ки Путин сӯҳбат мекард, полис чандин нафар, аз ҷумла ду муттафиқи калидии Алексей Навалний, сиёсатмадори мунаққиди Кремлинро бар остонаи эътирозҳои сартосарӣ боздошт намуд. 

Президенти Русия дар пасманзари нишонаҳои бӯҳрон дар умури дохиливу хориҷии кишвараш дар баробари ҳарду палатаи парлумони кишвар суханронӣ мекунад.  Владимир Путин дар шароите суханронӣ мекунад, ки равобити Русия бо Ғарб дар сари масоили низоъ дар шарқи Украина ва эътирозҳо дар Беларус баъди интихоботи баҳсбарангез пуртаниш шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел тарафдорони сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний  барои эътироз аз нодида гирифта шудани мушкилоти саломатии ӯ дар зиндон ва ҳам дар пешорӯи интихоботи 19-уми сентябр ба хиёбонҳо мебароянд. Норизоият аз шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар давраи пандемияи коронавирус дар Русия боз ҳам бештар шуд, яке дигар аз масоили мавриди норизоияти мардуми маҳаллӣ аст.

Дар остонаи суханронии Путин дар парлумон сафири ИМА Ҷон Салливан эълон кард, ки ба хотири машварат бо маъмурияти президент Ҷо Байден ба Вашингтон меравад. Чанд рӯз пеш аз ин Вашингтон бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро барои ҳамлаҳои эҳтимолии рахнагарони мудохилакарда дар интихоботи ИМА дар солҳои 2016 ва 2020 ҷорӣ кард.

Русия бо таҷаммӯи нирӯҳояш дар марзи шарқии Украина ва дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 ғасб кард, нигаронии  Аврупоро ба бор овардааст. Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ муттаҳам мекунанд, ки бо артиши Украина меҷанганд ва дар ҳафт соли ҷангҳо шумори кушташудаҳо аз 13 ҳазор нафар гузаштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.