Путин барои шарҳи Захарова аз президенти Сербистон узр пурсид

Президенти Сербистон Александр Вучич гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин ва вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров ба хотири шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия ба боздиди ҳайати сербӣ аз шаҳри Вашингтон узр пурсиданд.

Телевизиони давлатии Сербистон – RTS дар ин бора бо истинод ба изҳороти Вучич иттилоъ дод.

“Путин ва Лавров ҳечгоҳ барои чизе аз ман узр напурсида буданд. Вале ба хотири навиштаи Захарова ин корро карданд. Дар ҳоле, ки ман аслан онро ёдоварӣ накардам ва ҳамчун одами тарбиятдида ҳечгоҳ низ ёдовар намешудам. Мо муносибатҳои хуб дорем ва ин чиз барои ман як ҳодисаи беаҳамият аст”,-иқтибос овардааст РИА Новости аз изҳороти президенти Сербистон.

Нашрияи “Подём” низ навишт, ки сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков узрхоҳии Путин аз ҳамтои сербияшро тасдиқ кард. Расонаҳо рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки раҳбарони Русия ва Сербия баъди ҷанҷоли дипломатии ду ҷониб бори нахуст суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сухангӯи ВУХ Русия ҳафтаи гузашта акси мулоқоти Вучич бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трампро дар Кохи Сафед нашр кард. Дар акс дида мешавад, Вучич дар курсие нишастааст, ки дар байни утоқ аст ва Трамп дар рӯбарӯи ӯ, пушти мизи корияш нишастааст. Захарова бо илова кардани порчае аз филми “Основной инстинкт” навиштааст, “агар шуморо ба Кохи Сафед даъват карданду курсӣ дар байни утоқ монда шудааст, монанди акси 2 нишинед”.

Александр Вучич навиштаи Захароваро разилона ва беадабона номид. Чандин дипломати сербӣ низ ба он вокуниш карданд. Дертар худи Захарова низ узр пурсид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.